iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Қадария
Қадария — Википедия Jump to content

Қадария

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қадария (قــدريــه — аз ар. قــدر‎ – андоза, миқдор) — яке аз қадимтарин ҷараёнҳои эътиқодӣ-каломӣ; дар бораи қазову қадар ва дигар масоили ақидавӣ ба баҳс пардохта, вуҷуди сифотро барои Худованд нафй мекард ва аъмоли бандагонро аз феъли худашон медонист, ки Худо дар онҳо ҳеч гуна ирода ва дахолат надорад.

Қадария дар масъалаи нафйи сифот ба муътазила шабоҳат ва бо ҷабрия мухолифат дошт. Пайравони қадария ба ихтиёр ва озодии мутлақи инсон дар корҳо ва амалҳое, ки анҷом медиҳад, қоил ҳастанд ва қазову қадари азалии Худоро аз назари ақлӣ бо масъулият ва ҷазову подоши аъмоли неку бади инсонӣ мухолиф медонанд. Андешаҳои қадария ба шакли афкори парокандаи эътиқодӣ ва назароти диншиносона хеле барвақт дар ҷаҳони ислом вуҷуд дошта, вале ҳанӯз ба сурати мактаби фикрӣ ва равиши низомманди андешаи динӣ дарнаёмада буданд. Ба қавле, андешаҳои қадария ва ҷабрия дар замони паёмбар (с) низ вуҷуд доштанд ва оятҳои зиёде дар Қуръон дар радди дидгоҳи эътиқодии онҳо нозил шудааст. Дар «Табақоту-ш-шофеъия» аз вуҷуди касоне хабар дода шудааст, ки ҳанӯз дар замони Абдуллоҳ ибни Умар (рз) ба қазову қадари илоҳӣ бовар надоштаанд, яъне вуҷуди андешаи қадария дар онҳо эҳсос мешудааст. Нахустин касоне, ки ба поягузорӣ ва нашри андешаҳои қадария пардохтанд, Маъбади Ҷуҳанӣ ва Ғайлони Димишқӣ буданд.

Дар мазаммати қадария ва мурҷиа чандин ҳадис ривоят шудааст. Аз ҷумла: «Ду гурӯҳе аз умматам (рӯзи қиёмат) бар ҳавз (-и ман) ворид нашаванд ва дохили биҳишт нагарданд – қадария ва мурҷиа»; «Ду гурӯҳе аз умматам аз ислом баҳрае надоранд – қадария ва мурҷиа»; «Қадария маҷуси ин умматанд, агар бемор шуданд, ба аёдати онҳо наравед ва агар мурданд, (дар ҷанозаашон) ҳозир нашавед!»; «Ҳамеша амри ин уммат муносиб ва ё наздик бошад, то замоне ки дар бораи (сарнавишти) кӯдакон (дар охират) ва қадар сухан нагуфта бошанд». Уламои аҳли суннат назари қадария-ро дар бораи нафйи сифот рад карда, зимнан ҳар қавлеро, ки ба он барад, таътили сифот донистаанд; ақидаи қадарияро дар бораи қазову қадар низ мардуд шумурдаанд. Абуҳанифа (рҳ) дар «Фиқҳи акбар» дар исботи сифоти Худо ва радди қавли қадария дар нафйи он мефармояд: «Он сифатҳоеро, ки Худованд барои худ зикр кардааст, аз қабили ваҷҳ (рӯй), яд (даст) ва нафс сифатҳои бечигунаи Ӯ мебошанд. Гуфтан ҷоиз нест, ки дасти Худо ба маънои қудрат ё неъмати Ӯст, зеро дар он сурат ибтол (бекор намудан)-и сифат пеш меояд ва он сухани аҳли қадар ва эътизол аст, балки даст сифати бечигунаи Ӯ мебошад». Дар бораи қазову қадар мефармояд: «Тамоми афъоли бандагон, аз ҳаракат ва сукун (оромӣ) ба таври ҳақиқӣ касби (худи) онҳо мебошанд ва Худои таъоло офаридгори онҳо аст. Ҳамаи онҳо бо машийят (хост), илм ва қазову қадари Ӯ сурат мегиранд».

Андешаҳои қадария, ҷабрия, ҷаҳмия ва муътазила дар мавридҳои зиёде яксон ва бо ҳам муштараканд. Афкори қадария дар сохтори маърифатии муътазила на камтар аз ҷаҳмия таъсир гузоштааст, бахусус дар боби афъоли ибод, касби бандагон ва дар ҳавзаи салоҳиятҳои озоди эшон, ба қадре ки онҳоро мухтори мутлақ ва бениёз аз дахолат ва тадбири Худо донистаанд.

  • اكناس كالدسير. مذاهب التفسير الاسلامي. القاهرة، ١٩٥٥؛
  • قاسمی جمال الدین. تاریخ الجهمیة والمعتزلة. بیروت، ١٩٧٩؛
  • تهانوي محمد علي. كشاف اصطلاحات الفنون والعلوم. بيروت، ١٩٩٦؛
  • احمديان عبد الله. سير تحليلي كلام اهل سنت. تهران، ٢٠٠٢؛
  • دائرة المعارف فارسی. جلد ٢. تهران، ١٣٨٦ ش.؛
  • اگناس گالچسیر. گرایشهای تفسیری در میان مسلمانان. تهران، ١٣٨٨ ش