iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Муъовия
Муъовия — Википедия Jump to content

Муъовия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муъовияи I
معاوية
639 — 661
Пешгузашта Abu Ubaidah ibn al-Jarrah[d]
Ҷонишин Al-Dahhak ibn Qays al-Fihri[d]
28 июл 661 — 27 апрел 680
Ҷонишин Yazid I[d]

Таваллуд 603[1]
Даргузашт 18 апрел 680(0680-04-18)
Мадфан
Дудмон Umayyad dynasty[d]
Падар Abu Sufyan ibn Harb[d]
Модар Hind bint Utbah[d]
Ҳамсар Qurayba bint Abi Umayya[d] ва Maisun bint Bahdal[d]
Фарзандон Yazid I[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муъовия ибни Абусуфиён (ар. معاوية بن أبي سفيان‎; 603, Макка — 6 майи 680, Димишқ) — асосгузор ва аввалин халифаи сулолаи Уммавиён аз соли 661[3] исари Абусуфён, пойтахти хилофатро ба Димишқ кӯчонид. п.

Муъовия пеш аз Ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъовия дар биступанҷуми муҳаррами соли сию ҳафтуми омулфил баробар бо шашсади мелодӣ — се сол қабл аз биъсати Пайғамбари Ислом (ﷺ) (с) ва понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат, дар Макка таваллуд шуд. Падараш Абусуфён аз саршининони Қурайш буд. Модараш Ҳинд духтари Атба буд. Насаби Муъовия ба Ҳарб бини Умийя бини Абдушшамс бинни Абдуманнови Қаршӣ мерасид. Муъовия ҳамроҳи падараш Абусуфиён дар Бадр, Хандақ ва чанд ҷанги дигар бо Муҳаммад (с) ҷангиданд. Атба бинни Рабиъа гурӯҳе аз Қурайш дар ҷангҳои фуҷҷор буд.[4]

Муъовия аз Ислом то марги Муҳаммад бинни Абдуллоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъовия пас аз фатҳи Макка, дар бисту се солагӣ, ба ҳамроҳи падараш Абусуфиён ва бародараш Язид бинни Абусуфиён, дини исломро пазируфт. Гурӯҳе гуфтаанд Муъовия ба мақоми китобати ваҳй расид, вале Муовия дар Макка сокин буд ва Муҳаммад баъд аз фатҳи Макка ба Мадина бозгашт ва то охири умр дар Мадина зиндагӣ кард.

Муъовия дар замони хулафо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муъовия ба пайравии падараш аз байъат бо Абубакри Сиддиқ сар боз зад. Баҳонаи Муъовия ва Абусуфиён ин буд, ки Абубакр аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо Абубакр шуданд. Абубакр, Язид бинни Абусуфиён ва Муъовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва Димишқ фатҳ шуд. Язид низ ба ҳукмронӣ ва вилояти Димишқ баргузида шуд. Умар бинни Хаттоб, Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и ҳиҷрӣ Язид даргузашт ва бародараш Муъовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги Умар, Усмон низ Муъовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муъовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муъовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муъовия вуҷуд дошт дар айни ҳол тааллул варзид.[4]

Муъовия дар замони хилофати Алӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз марги Усмон ибни Аффон, Алӣ ба хилофат расид. Алӣ пешниҳоди атрофиёнашро барои ибқои Муъовия напазируфт ва ӯро аз уммат ва ҳукумати Шом азл кард. Муъовия ба баҳонаи кушта шудани Усмон ва интиқоми хуни ӯ, вориди ҷанг бо Алӣ шуд. Мардуми Шом бо ӯ байъат карданд ва бар алайҳи Алӣ ҳамдастон шуданд. Саранҷом ҷанги Сиффин даргирифт. Дар ин ҷанг шикасти нахуст ба Муъовия афтод. Аммо ба савобдиди Амру Ос Қуръон бар найза карданд ва ҳакамият матраҳ гашт. Натиҷаи ҳакамият халъи Алӣ ва таҳкими ҳукумати Муъовия дар Шом буд.

Ташкили ҳукумати Уммавиён

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъовия аз замони хилофати Алӣ ба хилофат чашм духта буд ва баъд аз марги Алӣ, мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар Ироқ бо Ҳасан бинни Алӣ байъат карданд. Вале шомиён Муъовияро халифа донистанд. Муъовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате Ҳасан дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Куфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд. Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муъовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муъовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муъовия супурд. Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Уммавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и ҳиҷрӣ ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.[5]

Хилофати Муъовия (Уммавиён)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кушта шудани Алӣ бинни Абитолиб ба дасти Ибни Мулҷами Муродӣ, хилофати Муъовияро таҳким кард. Хилофати Ҳасан бинни Алӣ, ки Куфиён бо ӯ байъат карданд, сар нагирифт ва Муовия Ҳасанро ба осонӣ канор зад. Ҳасан бинни Алӣ аҳдномаи сулҳ бо Муъовия баст ва хилофати ӯро бо шароите пазируфт. Муъовия ҳангоме ки авзоъ барои ӯ мустақар шуд дар миёни мардуми Куфа хутбае эрод кард ва гуфт:

«Эй мардуми Кӯфа ман барои намоз ва закот ва ҳаҷ, бо шумо наҷангидам, ки медонам худатон намоз мехонед ва закот медиҳед ва ба ҳаҷ меравед, вале бо шумо ҷангидам то бар шумо ҳукумат кунам то он ҷо ки гуфт: ҳар шароите ки бастам ва ҳар чизеро, ки ба Ҳасан бинни Алӣ қавл додаам зери ин ду поям мебошад, ки ба он вафо нахоҳам кард»

.

Дар хилофати Муъовия даҳҳоти араб чун Абру ибни Ос, Муғайра бинни Шаъаба ва Зиёд ибни Абия нуфузи бисёре ёфтанд. Муъовия ҳукумати Ироқро ба Муғайра, Мисрро ба Абру Ос ва Басра ва Куфаро ба зиёд дод. Ҳиҷоз ҳам ба Марвони Ҳакам дода шуд.

Интисоби ҳоким аз тарафи Муъовия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъовия пас аз ба даст гирифтани хилофат аз машҳуртарин сиёсатмадорон ва сардорони араб барои насабияти хилофат истифода кард. Ӯ ҳамчунин қабоили қудратманди яманиро пуштибони худ қарор дод. Албатта ӯ саъй мекард муносиби муҳими ҳукуматиро дар инҳисори қурайш ва бахусус Бани Умайя нигаҳ дорад. Муъовия мардоне ҳамчун Амру Ос, Зиёд бинни Абия, Муғайра бинни Шаъаба, Буср бинни Арииртот, Марвон бинни Ҳакамро бо тамтиъ даври худаш ҷамъ кард. Маврихин, Муъовия, Амру Ос, Зиёд бинни Абия ва Муғайра бинни Шаъабаро аз риҷоли боҳуши араб медонистанд. Ва яке аз таърихнависон дар бораи ин чаҳор тан мегӯяд:

«Бурдбортар ва сабуртар аз Муъовия ва чобуктар ва сахитар аз Амру Ос ва якдил ва як забонтар аз Зиёд касеро надидам. Дарун ва беруни ин мард ахир аз ҳар ҷиҳат яксон буд. Аммо Муғайра агар шаҳри ҳашт дарвозае бошад ва аз ҳеч дарвозаи он бидуни фиреб ва фусун касе берун омадан натавонад, Муғайра аз тамоми он ҳашт дарвоза берун меҷаҳад»

.[4]

Иқдомоти давраи хилофат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди зилофати Муъовия футуҳоти хориҷӣ идома ёфт. Мусалмонон Қибрисро фатҳ карданд ва то наздики Қастантания (Константинопол) пеш рафтанд. Муовия барои ихлофи худ лашкаре падид овард. Вай дар одоб ва тартиботи лашкарӣ аз таҷрибаҳои русиҳои Шом ҳам истифода кард. Ин лашкарро вай ба василаҳои ҷангҳои ҳарсола ва муҳоҷамотӣ, ки доим ба билоди муҷовир ва безонс мекард, ҳамеша тоза нафс нигоҳ медошт. Ин муҳоҷамоти мустамир боис мешуд, ки душман натавонад ба қаламрави муслимин таҷовуз кунад. Як бор иддае аз тавоифи шимоли Сурия, ки ба Ҷароҷма шуҳрат доштанд, ба таҳрики румиҳо ба Шом ҳуҷум оваранд ва аз Лубнон то Фаластин ба дасти Ҷароҷма афтод. Иддае аз Маволӣ ва исрои ин навоҳӣ, ки аз Муъовия норозӣ буданд, ба Ҷароҷма пайвастанд. Муъовия бо императори Безонс қароре баст, ки вай аз ҳимояти моҷароҷӯён дастбардорад ва дар иваз Исрои румиро бигирад. Муовия ҳамчунин тааҳуд кард, ки ҳар сола ба Безонс зироҷ бипардозад. Пас аз он Муовия, Ҷароҷмаро сари ҷои худ нишонд. Муъовия чун ба лашкари Шом ҳамеша эҳтиёҷ дошт дар танзими кори лашкар диққати бисёре кард. Вай ҷайраи лашкариёнро ду баробар кард ва дар пардохти мавоҷиби онҳо кӯтоҳӣ накард. Ин бахшишҳо боис шуд, ки лашкариён аз Муъовия итоат мекарданд ва дар ҷангҳо бо ӯ ҳамроҳ мешуданд. Вай дар тӯли хилофаташ бо румиҳои Шом дарҳоли ситез ва ҷанг буд, аммо пешрафте дар он ҷо надошт. Нисбат ба масеҳиёни Шом равиши мулоимтаре пеш гирифт, зеро онҳо метавонистанд дар идораи корҳо ва сомон бахшидан ба молиётҳо вайро ёрӣ диҳанд. Муъовия аз русуми девони Безонс тақлид кард ва созмони муросалот ва иттилооти пешрафтае ба вуҷуд овард. Муъовия дар танзими кори байтулмол аз як масеҳӣ ба номи Сарҷун бинни Мансур истифода кард. Муъовия бо истифода аз амволи мусулмонон бахшишҳои беҳисобе ба руасои араб кард. Муъовия ҳамвора бо ду гурӯҳ Хавориҷ ва Шиъа дар душманӣ буд. У шиаёни Алиро мавриди озор ва азият қарор медод ва ҳатто баъзе шиаёни мӯътариз монанди Ҳаҷр бинни Адиро ба қатл расонид. Баъзе гуфтаанд Абузари Ғафорӣ ҳам ба ишорати ӯ кушта шуд.

Боризтарин иқдоми Муъовия барои тағйири хилофат ба салтанат, меросӣ кардани хилофат буд. Яке аз нукоти муҳими муоҳада сохташуда байни Ҳасан ва Муъовия, ин буд, ки Муъовия ҳақ надорад касеро ба унвони ҷонишини худ баъд аз марг таъйин кунад ва тасмимгирӣ дар ин замина ба уммат вогузор шавад. Аммо пас аз марги Ҳасан ӯ ба иллати ин, ки ҳеч кас ҷуръати мухолифат ба вайро надошт, писараш Язидро ба унвони ҷонишини худ дар соли 680-и мелодӣ таъйин намуд ва ба маънои воқеии калима, паймоншиканӣ кард. Ҳарчанд ба навиштаи Лоровисё Вуглерӣ таъйини Ҳасан ба унвони ҷонишини Муъовия дар аҳдномаи сулҳ бо Муъовия эҳтимолан тавассути нависандагони мутахири шиъа барои костани интиқодоте, ки ба Ҳасан бинни Алӣ мешуд матраҳ шудааст. Зеро аввалан таъйини валиаҳд дар ҷомеаи исломии он замон амре бидуни собиқа буд ва худи Муовия низ ҳанӯз дар он замон дар вазъияти пойдоре барои таъйини ҷонишин қарор надошт.

Масъалаи хилофати Язид (Уммавиён) эътирозоти бисёреро ба дунбол дошт. Асҳоби Пайғамбари Ислом (ﷺ), ансорҳо ва муҳоҷирин онро написандиданд ва ба мухолифат бархостанд. Хавориҷ ва шиаёни Ироқ ҳам хилофати меъросиро рад мекарданд.[4]

  1. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  2. http://www.ceeol.com/aspx/getdocument.aspx?logid=5&id=5b9d8d8d996f4d5f913e0609188fd9d7
  3. Моавия // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Муовия писари Абусуфиён
  5. Муъовия писари Абусуфиён
  • Мец А., Мусульманский реннесанс, М., 1977;
  • Большаков О. Г., Муавийасри // Ислам. Энциклопедический словарь, М., 1991;
  • Таърихи ислом. Пажӯҳиши Донишгоҳи Кембриҷ, (тарҷумаи Аҳмади Ором), Т., 1377;
  • Босворт К. Э. Силсилаи исломии ҷадид. Роҳнамои гоҳшуморӣ ва таборшиносӣ, (тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ), Т., 1381.