iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Масса
Масса — Википедия Jump to content

Масса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Масса — хусусияти ҷисми физикӣ буда, ба миқдори модда ва энергия мутавофиқ аст. Масса мафҳуми марказии механикаи классикӣ ва фанҳои марбут ба он буда, дар чаҳорчўбаи кинематикаи нисбият дар чанд шакли гуногун вонамуд шудааст (ба массаи нисбияти махсус ва массаи нисбияти умумӣ бингаред). Дар назарияи нисбият, бузургии массаи инвариант, ки аз ҷиҳати мафҳум ба ғояи классикии масса наздик аст, дар байни мушоҳидони ду системаи инерциалии гуногун тағйир намеёбад.

Дар истифодаи рӯзмарра, масса бисёртар ба ҷои вазн истифода бурда мешавад, вале дар физика ва соҳаи муҳандисӣ вазн маънои бузургии қувваи ҷозибаро дорад, ки аз тарафи Замин ва ё ягон сайёраи дигар ба ҷисм таъсир мекунад.

Воҳидҳои масса

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар системаи байналхалқии воҳидҳо СБВ масса бо килограммҳо чен карда мешавад. Ба ғайр аз ин дигар намуди воҳидҳои масса, ба монанди грамм, тонна, фунт, пуд, қадоқ, унция, массаи атомӣ, массаи Планкӣ, массаи Офтобӣ низ фаровон истифода бурда мешавад.

Чун байни масса ва энергия муносибати релативистӣ мавҷуд аст, ба ҷои воҳиди масса аз воҳидҳои энергия низ истифода бурда мешавад. Масалан, дар физикаи зарраҳои элеметарӣ аз электрон-Волт (эВ) истифода мебаранд, ки тахминан ба 1.783 × 10-36 кг баробар аст. Ҷадвали зер муносибати воҳидҳои гуногуни массаро бо СБВ дорад:

Массаи инерциалӣ ва ҷозиба

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мафҳуман фарқи се намуди массаро бояд дарк намуд:

  • Массаи инерциалӣ
Воҳидҳои гуногуни масса Системаи байнанхалқии воҳидҳо (kg)
тонна 1000 кг = 103кг
грамм 0.001 кг = 10-3кг
фунт 0.454 кг
пуд 16 кг
қадоқ 0.4 кг
унция 0.02835 кг
массаи атомӣ 1.660538782 × 10-27 кг
массаи Офтобӣ 1.9891 × 1030 кг
массаи Планкӣ 2.176 × 10-8 кг