Канду
Канду, кунду, занбӯрқуттӣ — хонаи занбӯри асал, ки одам месозад.
Дар дохили канду шон гузошта мешавад. Дар чашмакҳои шон занбӯри асал насли худро парвариш мекунад ва асал ҷамъ меоварад. Аввалҳо одамон кандуро айнан чун лонаи табиии занбӯри асал (дар ковокии дарахтон) месохтанд ва барои ин ғӯлачӯбҳоро истифода мебурданд. Ҳамин тавр кандуҳои ғӯлачӯбӣ пайдо шуданд, ки даруни онҳо кофта гирифта шуда буд ва даричае низ доштанд. Сарпӯши даричаро гирифта, шонро аз назар гузаронидан мумкин буд. Кандуҳои ғӯлачӯбиро ба дарахт меовехтанд ё дар рӯи замин мегузоштанд. Занбӯрпарварон аз кандуҳои сабадмонанд (сапеткаҳо) низ истифода мебурданд. Чунин канду, ки аз пахол ё химча бофтаю бо гил андова карда мешуд, хеле сабук буда, корро осон мекард. Дар қисми болоии канду чорчиллик гузошта мешуд, ки ба он занбӯрҳои асал шонро мечаспониданд (шонҳо аз ҳамдигар дар масофаи 36-38 мм ҷой мегирифтанд). Дар ҳама гуна кандуҳое, ки ба қисмҳо ҷудо намешуданд, занбӯрҳои асал шонҳоро ба сақф ва девораи онҳо мечаспонданд. Ин нигоҳубини занбӯрҳо ва гирифтани асалро душвор мегардонд (барои гирифтани асал шонҳоро буридан лозим буд). Баробари рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар асри 19 кандуҳои чаҳорчӯбаӣ пайдо шуданд, ки то кунун истифода мешаванд.
Соли 1814 занбӯрпарвари рус П. И. Прокопович кандуи чаҳорчӯбаиеро ихтироъ кард, ки онро ба қисмҳо ҷудо ва васл кардан мумкин буд. Баъдтар шаклҳои дигари канду пайдо шуданд. Кандуҳои ҳозира аз тана, таҳ, сарпӯш ва чаҳорчӯбаҳо иборатанд. Сохти канду ба қуттии чӯбӣ монанд аст (ғафсии девораҳояш тақр. 30-40 мм). Девораи пеши канду аз боло сӯрох дорад. Дар қисми болои девора зеҳ ҷудо карда, ба он чаҳорчӯбаҳои шондорро меовезанд. Байни девораи канду ва зеҳи паҳлуии чаҳорчӯба 7,5-8 мм ҷой мемонад, ки бо он занбӯри асал озод ҳаракат карда метавонад. Таги баъзе кандуҳо ҷудошаванда аст. Қисми пеши таҳи канду сӯрох карда мешавад (дар байни чорчӯбаҳо ва таҳи канду 20-30 мм ҷойи холӣ мавҷуд аст). Ба сақфи канду болиштак мегузоранд, ки он гармиро нигоҳ медорад. Дар девораҳои паҳлуии сарпӯши канду сӯрохиҳои ҳаводаро мавҷуданд. Сарпӯш баробари андозаи танаи канду сохта мешавад.
Кандуҳо амудӣ (рост, дуқабата, бисёрқабата) ва уфуқӣ (хобида, кандуҳои павилионҳо) мешаванд. Барои васеъ кардани лонаи занбӯрҳо ба кандуҳои амудӣ аз боло чаҳорчӯбаҳои иловагӣ мегузоранд. Кандуҳои уфуқӣ аз паҳлу васеъ карда мешаванд. Дар Тоҷикистон бештар кандуҳои уфуқиро истифода мебаранд. Кандуро аз чӯби хушки шарбин, санавбар, девдор, коҷ, зирфун ва амсоли онҳо сохта, берунашро ранги сафед, зард ё кабуд мекунанд (занбӯрҳо чунин рангҳоро хуб мебинанд).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Канду // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.