iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Гӯсола
Гӯсола — Википедия Jump to content

Гӯсола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гов ва гӯсола

Гӯсола - насли шашмоҳаи гов. Вазни гӯсолаи навзод 25 – 45 кг мешавад. Гӯсоларо то ба шароити номусоиди беруна одат карданаш бояд эҳтиёт кард. Зеро дар организми гӯсолаи навзод Витамини А қариб нест ва хунаш хусусияти муҳофизати имуннобиологӣ надорад. Бо мақсади баланд бардоштани хусусияти муҳофизатии организм ба Гӯсола хурондани фалла аҳмияти калон дорад. Ба гӯсола 30 – 60 дақиқа баъди таваллуд 1 – 2 литр фалла медиҳанд. Минбаъд вобаста ба ҳолати саломатиаш ба гӯсола Рӯзе 5 – 8 литр фалла додан мумкин. Дар таркиби фалла нисбат ба шир моддаҳои хушк 1,5 – 2, сафеда 4 – 5 ва моддаҳои минералӣ 2 маротиба зиёданд. Фалла зуд хазм мешавад, ба кабзияти меъдаю рӯда роҳ намедиҳад.

Гӯсола

Гӯсолаи навзодро аввал 5 – 7 рӯз дар профилактория нигоҳ дошта, баъд ба гӯсолахонаи умумй мегузаронанд; то синни 3 – 4 моҳагӣ 4 – 6 сари, 4 – 6 моҳагӣ – 10 – 12 – сари нигоҳ медоранд (фарки гусолаҳо бояд аз 10 – 15 рӯз зиёд набошад). Ба гӯсолаҳо аз рӯзи 10 - ум сар карда шири говҳои навзоро медиҳанд. Ба гӯсолаҳо то 30 – рӯзаги ҳар шаборӯз 6 – 8 л шири навдушида бояд дод (минбаъд ними шири медодагиро бо шири равғанаш гирифта иваз кардан мумкин аст). Шири навдушида ва шири беравғанро омехта намекунанд (онҳоро дар вақтҳои гуногун алоҳида – алоҳида додан лозим). Дар гӯсолаҳои навзод ширдон нисбат ба шикамба ва ҳазорхона хубтар инкишоф ёфтааст. Бинобар ин рӯзҳои аввал Гӯсолаҳо алаф хӯрда наметавонанд. Гӯсолаҳо ҳарчи барвақт ба хӯрдани бедаю алафи ширадор одат кунад, пешмеъдаи он ҳамон қадар зудтар инкишоф меёбад. Ба хӯрдани бедаи хушсифат аз 10 – 12- рӯзагӣ, ба консентратҳо аз 15 – 20- рӯзагӣ, ба бехмеваю силос аз якмоҳаги одат мекунанд. Ҳарорати гӯсолахона бояд 5 - 15˚© ва тагандози гӯсолаҳо хушк бошад. Гӯсолаҳоро аз 10 – 15-рӯзагӣ ба ҳавои кушод сар медиҳанд; рӯзҳои аввал дар ҳавои хунук ба 15 – 20 дақиқа, баъд муҳлатро кам – кам зиёд карда, ба 2 – 4 соат ва зиёдтар аз он мерасонанд. Ҳавои кушоду тоза ба организми ҳайвон таъсири муфид бахшида, мубодилаи модаа ва сабзишу инкишофи ҳайвонро хуб мегардонад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]