iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Википедиа:Википедия_чӣ_чизе_нест
Википедиа:Википедия чӣ чизе нест — Википедия Jump to content

Википедиа:Википедия чӣ чизе нест

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Википедия як донишнома аст. Онро бо мавриде, ки дар зер меоянд, иштибоҳ нагиред.

Сабки нигориш

[вироиши манбаъ]

Википедия донишномаи рӯи коғаз нест

[вироиши манбаъ]
↱ ВП:КОҒАЗ

Амалан ҳеҷ маҳдудияте дар теъдоди мавзуъоте, ки метавон дар ин донишнома навишт вуҷуд надорад. Танҳо чанд маҳдудият монанд исботпазирӣ вуҷуд дорад, ки дар ин сафҳа тавзеҳ дода хоҳанд шуд.

Мумкин аст тӯлонӣ будани як мақола барои бархе аз корбарон, ки аз интернети камсуръат истифода мекунанд маҳдудият ба шумор биравад. Ин масъала ба хоно будани мақолот низ латма мезанад. Тақсим кардан як мақола ба чандин мақола ва навиштани хулосаҳое аз матолиб дар мақолаи аслӣ ва пайванддиҳӣ ба мақолаҳои дигар, роҳе табиӣ барои рушди як мавзуъ аст. Дар донишномаҳои мактуб бархе аз мавзуъот ба сурати кӯтоҳ ва бо мақолаҳои исто ироа мешаванд аммо дар Википедия ба далели ба кор нагирифтани коғаз метавон мақолаҳои комилтар ва тӯлонитре навишт, пайвандҳои бисёри бештаре гузошт ва ҳар мавзуъро дар ҷойи худ ба таври комил тавзеҳ дод.

Ҳамчунин ин вежагӣ бад-ин маъност, ки дигар ниёз нест як мақоларо ба мақолаи мушобеҳш, ки маъруфтар аст бозгардон кард. Бахш «ҷусторҳои вобаста» ба ин манзур ғунҷонда мешавад то хонандагонро ба дигар иттилооти марбут ба як мавзуъ раҳнамун созад.

Википедия фарҳанги луғат нест

[вироиши манбаъ]
↱ ВП:ВОЖАНОМА
ВП:ВИКИВОЖА
ВП:ВЖНМ
ВП:ЛУҒАТНОМА

Википедия фарҳанги луғат ё роҳнамои истилоҳоти фаннӣ нест. Мақолаҳои Википедия набояд шомили мавридҳои зер бошанд:

  1. Маънии вожаҳо. Хоҳишмандем барои мақолаҳое, ки танҳо маънои як истилоҳро тавзеҳ медиҳанд вуруд насозед. Мақолаҳои Википедия маъмулан бояд бо таърифи хуб оғоз шаванд. Агар ба мақолае бархурд кардед, ки чизе беш аз таърифи маънои як вожа набуд, бикушед то иттилооти бештаре дар он биғунҷонед ва онро ба сатҳи як мақолаи донишномавӣ бирасонед. Яке аз истисноҳои ин қонун мақолаҳое ҳастанд, ки дар бораи маъноҳои фарҳангии як адад баҳс мекунанд.
  2. Феҳристи маънои вожаҳо. Бо ин ҳол дар Википедия сафҳаҳое ба номи ибҳомзудоӣ вуҷуд доранд, ки шомили роҳнамои маъноҳои мухталифи як вожа ҳастанд. Ҳамчунин сафаҳоте вуҷуд доранд, ки шомили феҳристи аз вожаҳои фаннии марбут ба як ришта мебошанд.
  3. Роҳнамои истифода ё фарҳанги амсол ва истилоҳоти омиёна. Википедия алоқае ба тавзеҳи чигунагии истифода аз вожаҳо ё истилоҳот надорад. Мо намехоҳем дар инҷо ба мардум бигӯем, ки чӣ тавр суҳбат кунанд. Ҳарчанд мумкин аст дар як мақола лозим бошад то тарзи истифодаи як вожа барои тамоюз байни маъноҳои мухталифи он дар назариёт ё милали мухталиф тавзеҳ дода шавад.

Барои сабти маънои як вожа ба Викивожа, ки яке аз лоиҳаҳои хоҳари Википедия аст, муроҷиат кунед.

Наввожаҳо

[вироиши манбаъ]

Бархе аз наввожаҳо метавонанд истеъмоли зиёд дошта бошанд, ва мумкин аст битавон шоҳиди бисёре дар интернет ва дар ҷомеа дар мавриди истифода аз он ёфта бошанд. Аммо барои доштани як мақола дар ин маврид дар Википедия мо бояд аз манобеи боэътимод мисли китоб ва мақолот, ки дар бораи истилоҳ ё мафҳум суҳбат мекунанд, истифода кунем, ва на китобҳо ва мақолоте, ки аз ин вожа истифода мекунанд. Мушоҳидаҳои шахсии корбарон (ба унвони мисол пайдо кардани веблогҳо, китобҳо, ва мақолоте, ки аз ин вожа истифода мекунанд ба ҷойи ин ки ба сурати хос дар мавриди он вожа бнависанд) барои ҳимоят аз вуҷуди мақолоти нокофӣ ҳастанд зеро ин мумкин аст ниёзманди таҳқиқ ва таҳлил қарор додани манобеи аввалия ба манзури пешбурди як дидгоҳ бошад, ки бо сиёсати таҳқиқи дасти аввал мамнуъ дар тазод аст.

Наввожҳҳое, ки дар истифода густурда ҳастанд, аммо барои он ҳеҷ пӯшише дар манобеи дасти дувум вуҷуд надорад ҳанӯз омода барои пӯшиш дар Википедия нест. Замони бештаре ниёз аст, ки манобеи дасти дувум дар мавриди он фароҳам шавад ва шароит барои эҷоди мақола дар Википедия фароҳам шавад.

Википедия ношири андешаҳои дасти-аввал нест

[вироиши манбаъ]

Википедия ношири андешаҳои дасти-аввал нест, яъне ихтироъот ва навовариҳо ва таҳқиқоти дасти-аввале ки дар як ҷойи муътабар чоп нашудаанд, набояд дар Википедия биёянд. Ҳамчунин саҳифаҳои баҳси Википедия як толори баҳс набуда, танҳо ҷои барои ҳамоҳангии бештар барои корбарони Википедия дар чаҳорчӯби сиёсатҳои Википедия аст.

Википедия як ҷойгоҳ барои суханронӣ нест

[вироиши манбаъ]

Википедия як ҷойгоҳ барои суханронӣ нест ва аз он барои таблиғот ё баёни назароти худ истифода накунед.

Википедия феҳристе аз иттилоъоти мухталиф нест

[вироиши манбаъ]

Википедия феҳристе аз иттилооти мухталиф нест. Ҳамчинин Википедия як нашрияи "зард" нест ва ҷойи нишондоди суроғаи меҳмонхонаҳо, рақами телефонҳои гуногун ва нақли ҳаёти афроди мухталиф нест.

Википедия сонсур надорад

[вироиши манбаъ]

Википедия сонсур надорад. Ҳарчанд бояд аз навиштани матолиби тавҳиномез бепарҳезед.(Википедиа:Ҳамлаи шахсӣ-ро бихонед.)

Википедия ҷойи ҳамаи иттилооти башарӣ нест

[вироиши манбаъ]

Танҳо матолибе дар мақолаҳо вироиш карда шаванд, ки боэътимдии он мақоларо дошта бошанд ва ҳар матлаберо ки ба мақола марбут бошад, наметавон дар мақола овард.

Ҷомеаи Википедия чӣ нест

[вироиши манбаъ]
  • Википедия майдони ҷанги баҳсу мунозира нест.
  • Википедия беқонун нест.
  • Википедия ҷойе барои тамрини мардумсолорӣ (демократия) нест.
  • Википедия идораи давлатӣ ё муассиса нест.

Вақте ки ба навиштан шурӯъ мекунед, чӣ бояд кард?

[вироиши манбаъ]

Вақте ки ба навиштан шурӯъ мекунед аз худ бипурсед, касе, ки мехоҳад матолиби шуморо бихонад аз хондани ин мақолаи донишнома чӣ интизорӣ дорад ва навиштаҳоятонро бар он асос намуда бинависед.