Боливия
Шиор: «¡Morir antes que esclavos vivir!» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Боливия|Bolivianos, el Hado Propicio | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Испания, 6 август соли 1825) |
Забони расмӣ | Забони испанӣ, Забони кечваӣ, Забони аймараӣ |
Пойтахт | Сукре |
Шаҳри калонтарин | Санта-Крус-де-ла-Сиерра, Эль-Альто, Ла-Пас |
Идораи давлат | унитарӣ |
Президент | Эво Моралес |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
27-ум ҷой дар ҷaҳон 1,098,581 км² 1.29% % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 9,182,000 нафар/км² |
Пули миллӣ | Боливиано (BOB, код 68) |
Интернет-Домен | .bo |
Коди телефон | +591 |
Соат | UTC -4 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Боливия (исп. Bolivia), номи расмиаш — Давлати бисёрмиллати Боливия (исп. Estado Plurinacional de Bolivia [esˈtaðo pluɾinasjoˈnal de βoˈliβja]) — кишвар дар бахши марказиии Амрикои Ҷанубӣ. Дар шимол ва ғарб бо Бразилия, дар ҷануби шарқӣ бо Парагвай, дар ғарб бо Чили ва Перу, дар ҷануб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1098581 км², аҳолиаш 11 639 909[1] (2020). Пойтахти расмиаш — Сукре, маъмулиаш — Ла-Пас. Ба 9 департаменти расмӣ: Кочабамба, Ла-Пас, Оруро, Пандо, Потоси, Санта-Крус, Тариха ва Чукисака ҷудо мешавад. Иди миллӣ — Рӯзи Истиқлол — 6 август (аз 1825), воҳиди пулӣ — боливиано.
Сохтори давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Боливия ҷумҳурии воҳиди президентист. Сардори давлат, ҳукумат ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳаш Президент буда, ҳамроҳи ноиби президент (дар рӯйхатти ягона) ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Мақоми олии қонунгузори Боливия Конгресси миллӣ мебошад, ки аз Палатаи намояндагон (130 нафар, намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳо) ва Палатаи сенаторҳо (36 нафар) иборат аст. Додгоҳи Олӣ, додгоҳҳои округӣ ва маҳаллӣ амал мекунанд. Аъзои Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи конститутсионӣ аз ҷумлаи аъзои Конгресси миллӣ ба муҳлати 10 сол, бидуни ҳуқуқи азнавинтихобшавӣ, баргузида мешаванд. Боливия узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Давлатҳои Амрико, Гурӯҳи Анд ва ғ. мебошад.
Табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Боливия дар минтақаҳои субэкваторӣ ва тропикии Нимкураи Ҷанубӣ воқеъ буда, дар ғарб қисми асосии Анди Марказӣ ва дар шаҳри пастиҳои паҳноварро ишғол кардааст. Силсилаи кӯҳҳои Анд ба ду шоха — қ-кӯҳи Ғарбӣ ва қ-кӯҳи Шарқӣ (дар байнашон теппакӯҳҳои Пуна, баландиашон то 3-4 ҳазор м) тақсим шуда, дар Ғарб ба Кордил йераи Ғарбӣ ва дар шаҳри ба Кордилйера-Реал (қаторкӯҳҳои баландтаринаш Иллимани — 6682 м, Анковма — 6550 м) мепайванданд. Аз Кордилйераи Шарқӣ бо саргаҳи д-ҳои Бени ва Маморе, дараву водиҳои онҳо ҷудо гардидаанд. Ҳамвориҳои қисми шимоли шарқии мамлакат то ба Пастиҳои Амазония мерасанд.
Сохти заминшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қисми ғарбии Боливия дар ҳудуди минтақаи чиндори кӯҳҳои Анд, қисми шарқиаш дар платформаи Амрикои Ҷанубӣ ҷой гирифта, аз минтақаҳои вулканафшони давраи кайнозой (Кордилйера)-и фурӯхамидагиҳои тарқишдори қишри замин (Алтиплано) иборат аст. Кордилйераҳои Марказию Шарқӣ аз қабатҳои баҳрии давраҳои кембрий, ордовик, силур ва девон, таҳнишастҳои қитъавии карбон, бур ва палеоген, қисми платформаи Амрикои Ҷанубии мансуби Боливия аз гнейсҳои давраи токембрий, сланетсҳо ва гранитҳо ташаккул ёфтаанд. Захираҳои бузурги минерал, нафт, газ, волфрам, сурма, нуқра, тило, мис, улексит, конҳои оҳан, марганетс, уран, кварс, намаксанг, мармар, бентонит, сангҳои қиматӣ дорад.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Боливия дар минтақаи иқлими тропикии баландкӯҳ (Пуна, Кордилйераи Ғарбӣ) ва нимбиёбон (дар ғарб) воқеъ гардида, ҳарорати миёнаи июл 3-7°С, январ — 9 −11°С мебошад. Бодҳои шадид ва зудтағйирёбии иқлим мушоҳида мегардад; барфи қуллаҳои баланду пиряхҳо об намешаванд. Ҳамвориҳои қисмати шарқӣ 4-5 моҳ, шимол Боливия то 9 моҳ ба хушкшавӣ гирифтор мешаванд. Дар ҷануби мамлакат ҳарорати миёнаи июл 17-22°С, январ 24-280 С, миқдори бориши солона дар шимол 1300—1600 мм, дар ҷануб то 800 мм мебошад. Боливия захираҳои обии фаровон дорад: кӯли бузурги Титикака (дар баландии 3810 м); рӯдҳои Десагуадеро, Бени, Маморе, Гуапоре якҷо шуда, рӯди Мадейра (шохоби Амазонка)-ро ташкил медиҳанд. Рӯдхонаҳои қисми шарқии Боливия, ғайри Пилкомайо ва Парапети аз шиддати гармо мехушканд.
Хок, наботот
[вироиш | вироиши манбаъ]Алтипламои Ғарбиро нимбиёбонҳо, қисмати шарқии мамлакатро даштҳои тропикии баландкӯҳ ишғол кардаанд. Нишебиҳои шарқии кӯҳҳои Анд аз бешаҳои тропикӣ, ҳамвориҳои шарқӣ аз саваннаҳо, қисми ҷанубӣ аз ботлоқзорҳо иборатанд. Дар бешаҳо дарахтони нахл, каучук, ҳиннӣ, буттаи кока, найшакар, авокадо, муз ва ғ. мерӯянд. Олами ҳайвонот бештар аз лама, гуанако, маймунҳо, тапирҳо иборат буда, паранда, хоянда, хазанда ва ҳашароти гуногуни бумӣ (таҳҷоӣ) вомехӯранд. 12 боғи миллӣ дорад (машҳуртаринашон — Ноэл Кемпфф Меркадо, ки соли 2000 ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид). Обхезиҳо, сармои шадид, дар баландкӯҳҳо — хатарҳои табиӣ; косташавии ҳудуди бешазорон, бодлеси (эрозия)-и хок, биёбоншавӣ, камшавии намудҳои мавҷудоти биологӣ, аз байн рафтани навъҳои эндемикӣ, ифлосшавии об масоили экологии Боливия мебошанд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асоси аҳолии Боливия-ро дурагаҳо (метисҳо)-и испанию ҳиндуии ба ном чоло ташкил медиҳад, ки шумораашон аз ҳисоби омезиш бо намояндагони дигар қабилаҳои ҳинду афзун мегардад. Ҳиндуҳои кечва 30 %, аймора 25 % ва насли сафедпӯсти бо аврупоиҳо даромехта (бештар бо испаниҳо) 15 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Сокинони бешаҳои тропикии шарқи мамлакатро «ҳиндуҳои ҷангалӣ» меноманд. Забонҳои расмӣ испанӣ, кечва, аймора буда, «ҳиндуҳои ҷангалӣ» ба забонҳои гуногуни мансуби оилаи забонҳои тупӣ-гуаронӣ ва аравакӣ ҳарф мезананд. 95 дарсади аҳолии Боливия католикҳо, боқимонда муътақидони мазҳабҳои анъанавии маҳаллӣ ва динҳои дигар мебошанд. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 65,5 сол (мардҳо — 62,9, занҳо — 68.2) буда, аҳолӣ бештар аз бемориҳои саратон, вараҷа, сил, исҳоли хунин мефавтад. Зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 80,1 нафар дар 1 км². 63 дарсади аҳолӣ шаҳрнишин, дар департаментҳои Кочабамба ва Ла-Пас беш аз 8 дарсади аҳолии қобили меҳнат бекор (2010) буда, 93 дарсади мардҳо ва 80 дарсади занҳо босаводанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди кунунии Боливия аз замонҳои қадим қабилаҳои ҳиндуёни Амрико — офарандагони тамаддуни баланди Вискачани (асрҳои 10-8 то м.) ва Тиауанако (ҳазорсолаи 1 то м. — ҳазорсолаи 1 м.) маскунанд. Дар асри 14 халқияти аймора, ки дар байнашон коляҳо буданд, аз ҷониби инкҳо (кечва) тасарруф ва ба яке аз чаҳор музофот — Колясуйуи давлати Тавантинсуйу ҳамроҳ карда шуданд. Солҳои 1532-38 Колясуйуро испаниҳо ғасб намуда, ба ҳайати ноиб-шоҳигарии Перу, ки Перуи Боло ё Бошишгоҳи шоҳи Чаркас ном дошт, ворид карданд (1776 дар таркиби Ла-Плата). Дар он замон Перу бузургтарин истихроҷкунандаи нуқра ва Патоси калонтарин шаҳр дар ҳудуди мулкҳои испаниягӣ буданд. Аҳолии таҳҷоӣ зидди истибдодгарони испаниягӣ шӯриш мебардошт (хурӯҷи солҳои 1780-81 таҳти сарварии бародарон Катари). Ҳамсангари муборизи шуҳратманди Амрикои Ҷанубӣ Симон Боливар — А. Сукре дар наздикиҳои мавзеи Аякучо лашкари Испанияро саркӯб кард. 6.8.1825 Перуи Боло соҳибистиқлол эълон шуда, ҷумҳурии ҷавонро ба шарафи Боливар Боливия ном ниҳоданд. Конститутсияи аввалин соли 1826 қабул гардид. Солҳои 1836-39 Боливия ба Конфедератсияи Перу — Боливия дохил буд. Дар асри 19 Боливия ба номунтазамии ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва табаддулоти сершумор мувоҷеҳ буд. Зиддият бо давлатҳои ҳамсоя мӯҷиби аз даст рафтани як қисми ҳудудаш гашт. Дар натиҷаи ҷангҳо барои дарёфти нуфуз дар Уқёнуси Ором (1864-66 ва 1879-84) Боливия аз роҳи баромад ба соҳил маҳрум шуд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) Боливия, агарчи сиёсати бетарафиро пеш мебурд, Антантаро бо маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ таъмин мекард; соли 1917 муносибатҳои дипломатиашро бо Олмон қатъ кард. Ҳангоми ҷанги байни Чаку Парагвай (1932-35) Боливия аз се ду ҳиссаи ҳудуди баҳсноки минтақаи нафтдори Чако-Бореалро аз даст дод. Баъди табаддулоти ҳарбӣ ва сари қудрат омадани Х. Д. Торо Руйлова (1936-37) ва Х. Буш Бесерра (1937-39) фаъолияти монополияҳои хориҷӣ маҳдуд ва тамоми захираҳои табиии мамлакат миллӣ кунонида шуданд. Дар апрели 1943 Боливия зидди Олмон, Итолиё ва Ҷопон ҷанг эълон кард. Зимни табаддулоти ҳарбии моҳи декабри 1943 ҳукумати миллатгарои Г. Вилярроэл сари қудрат омада, баъди куштори ӯ (1946) ҳокимият ба дасти хунтаи ҳарбӣ гузашт. Дар натиҷаи инқилоби соли 1952 саноати кӯҳкорӣ миллӣ, маориф демократӣ, ҳуқуқи ҳиндуҳо бо сокинони дигар баробар карда шуд. Нобасомониҳои иқтисодии солҳои 1952-56 ва 1960-64 ҳукумати миллатгароёни Боливия-ро водор кард, ки ба хусусигардонии объектҳои бахши давлатӣ ва ёрии созмонҳои мададгори Амрикои Ҷанубӣ ва давлатҳои дигар рӯй оварад. Солҳои 1964-82 дар Боливия чандин ҳукумату низом ҳамдигарро иваз карданд (аз давраи соҳибистиқлол эълон шудан Боливия 190 табаддулоти давлатиро аз сар гузаронд), аз ҷумла отряди партизании Боливия Э. Че Гевара торумор карда шуд. Иқтисоди Боливия пасту боло мерафт, ба буҳронҳо гирифтор мешуд. Ҳаракату ҳизбҳои дар парламент ғолибомада ҳам гоҳ муваффақ мешуданду гоҳ ба истеъфо мерафтанд. Мас., давраи начандон тӯлонӣ В. Пас Эстенссоро бори чаҳорум (1985-89) президенти Боливия интихоб шуд. Пешвои ҳаракати инқилобии чапгаро Х. Паса Самора (1989-93), намояндаи ҳаракати MNR Г. Санчес де Лосада (1993-97) ва дигар шахсони сари қудратомада наметавонистанд масоили иқтисодию сиёсӣ, бекорӣ, мухолифати байни қавмҳо ва ғ-ро ҳал намоянд. Минбаъд диққати асосӣ боз ба хусусигардонии иқтисодиёт, либерализатсияи савдои хориҷӣ, паст кардани беқадршавии пули миллӣ ва чораҳои дигар равона шуд, аммо суръати сусти рушди иқтисод болоравии воқеиро таъмин карда натавонист. Соли 1997 ҳукумфармои собиқ У. Бансер Сварес президенти Боливия интихоб шуда, соли 2001, аз сабаби вазъи бади саломатӣ, истеъфо дод (соли 2002 вафот кард). Соли 2002 президенти навинтихобшуда Г. Санчес де Лосада ба эътирозҳои хунини оммавии халқ тоб наоварда, маҷбуран ба истеъфо рафт. К. Д. Месса ҳам баъди чанде ҳукуматронӣ (2003-05) вазифаро тарк кард. Соли 2003 дар мамлакат «ҷанги газ» рух дод. Шӯришгарон милликунонии саноати газ ва таҳти назорати давлат қарор додани онро талаб мекарданд. 10.6.2009 Президенти Боливия Эво Моралес Айма декрете ба имзо расонд, ки мувофиқи он Боливия «Давлати бисёрмиллати Боливия» номида шуд. 20.10.2010 Боливия бо Перу қарордод ба имзо расонд, ки мувофиқи он як қитъа замини наздисоҳилии Перу ба муҳлати 99 сол ба Боливия иҷора дода шуд, то дар он барои худ бандар созад. Ҳамин тариқ, барои Боливия баъди 127 сол боз роҳ ба уқёнус кушода шуд.
Баъди бозгашт ба сохти конститутсионӣ дар Боливия 70 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд, ки бузургтаринашон Ҳаракат ба сӯйи сотсиализм, Ҳаракати инқилоби миллатгаро, Ваҳдати миллӣ, Нерӯи нави ҷумҳуриятталаб ва ғ. мебошанд. Созмонҳои иттифоқҳои касабаи Боливия: Маркази коргарии Боливия, Конфедератсияи воҳиди иттифоқи касабаи коргарону деҳқонони Боливия. Дар Боливия инчунин созмони Ҳаракати ҳиндуҳои Пачакути ва дигар созмонҳои мардуми таҳҷоӣ ва ҳаракатҳои экологӣ фаъолият доранд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Боливия яке аз давлатҳои нодортарин ва рушднакардаи Амрикои Лотинӣ мебошад. Ибтидои асри 20 таъмингари асосии ашёи хоми минералӣ барои саноати филиззоти рангаи ИМА ва Аврупо гашт. Баъди паст рафтани нархи маҳсулоти содиротӣ Боливия ба содироти гази табиӣ, соя ва маҳсулоти аз он тайёршуда пардохт. Азбаски шабакаҳои нақлиётии комил надорад, минтақаҳои канории мамлакат аз марказҳои иқтисодӣ дур афтодаанд ва додугирифтро дар сарҳадоти давлатҳои ҳамсоя анҷом медиҳанд. Дар иқтисодиёт бахши хусусӣ бартарӣ дорад. Ширкатҳои бузурги "Корпорасйон минера Боливяна (COMIBOL), «Ясимйентос петролиферос фискалес Боливянос» (YPFB), қисми сайрхатҳои авиатсионӣ, шабакаҳои телефонӣ, р. о., электроэнергия ва ғ. хусусианд. Маблағгузорону соҳибкорони хориҷӣ метавонанд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди Боливия бемамониат ва бидуни бақайдгирӣ фаъолият кунанд. Боливия 9 минтақаи озоди иқтисодӣ дорад. Дар Боливия назорати асъорӣ вуҷуд надорад. Мубодилаи пулӣ ва пардохтҳо асосан (92 %) бо доллари ИМА сурат мегиранд.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Боливия асосан корхонаҳои хурди истеҳсоли дастӣ ва ҳунармандӣ фаъолият доранд. Бахши ғайридавлатӣ ва иқтисодиёти пасипардагӣ озодона амал мекунанд. Саноати истихроҷкунанда (висмут, қӯрғошим, руҳ, мис, нуқра ва тило) асоси иқтисоди Боливия мебошад. Дар истихроҷи сурма дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Истихроҷи гази табиӣ ва нафт ҳам бахши муҳимми содирот аст. НБО-ҳои калони Боливия: Санта-Исабел дар д. Вара-Вара, Кобрани ва Кава дар д-ҳои ҳамном. Саноати коркарди маҳсулот асосан талаботи дохилиро таъмин мекунад (маҳсулоти ғизоӣ, тамоку; нассоҷӣ, мебел, чармгарӣ, коркарди чӯб ва ғ.). Заводҳои начандон калони сементу коркарди нафт, муассисаҳои васлкунандаи таҷҳизоту мошинҳо (дар Ла-Пас) мавҷуданд.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар баъзе минтақаҳои Боливия заминдориҳои калон маҳфуз мондаанд. Дар атрофи шаҳрҳо ва дигар мавзеъҳои аҳолинишин маҷмааҳои агросаноатӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ ташкил ёфтаанд (заминҳои корам каманд). Рустанипарварӣ, сабзавоткорӣ, кишти ғалладона (водиҳои д. Кочабамба), шолӣ, найшакар, кофе, какао; аз зироатҳои техникӣ кишти пахта ба роҳ андохта шудааст. Маводди мухаддир дар доманакӯҳҳои Анд кишт карда мешаванд; аз ҷиҳати кишти кока дар ҷаҳон ҷойи севвумро ишғол мекунад (баъди Колумбия ва Перу). Дар чорводорӣ парвариши чорвои калони шохдор, гӯсфанд, буз, хук, алпак афзалият доранд. Дар хоҷагии ҷангал истеҳсоли пӯстлохи дарахти ҳино, каучук бештар ба назар мерасад. Моҳидорӣ дар сатҳи саноатӣ нест.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Боливия шабакаи нақлиёт тараққӣ накардааст. Дарозии р. о. ҳамагӣ 3519 км буда, Боливия-ро бо Чили, Аргентина, Бразилия ва Перу мепайвандад. Роҳҳои мошингард — наздики 70 ҳазор км. Ширкатҳои «Эйросур»-у «Ллойд аэрео боливяно» таъмингари асосии роҳҳои ҳавоиянд. Боливия 1067 аэропорт дорад (танҳо хатти давиши самолёт дар 16-тоаш асфалтпӯш аст). Роҳҳои обӣ бештар тараққӣ кардаанд; бандарҳои асосӣ — Кобиха (д. Акри), Рурренабаке (д. Бени) ва Пуэрто-Сварес (д. Парагвай). Лӯлаҳои интиқоли газу нафт дорад. Шарикони тиҷорати Боливия Бразилия, Ҷопон, Венесуэла, ИМА, Колумбия, Швейтсария, Русия. Боливия табиати зебо дошта бошад ҳам, соҳаи сайёҳӣ тараққӣ накардааст. 64 дарсади аҳолӣ камбизоат, 21,7 % хеле фақиранд. Соҳаи тандурустӣ низ қафомонда буда, бемориҳои сирояткунанда бисёранд. Бо вуҷуди ин, Маркази тиббии Боливия (ҷарроҳии дилу раг) ва Маркази ташхиси радиологии «Докторес Контресис», клиникаҳои назди донишгоҳҳои Боливия машҳуранд. Футбол, голф, варзиши сабук намудҳои маъмули варзишанд. Кумитаи олимпии Боливия соли 1932 таъсис ёфтааст.
Маорифу илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Сатҳи маърифатнокии аҳолии аз 19-сола боло наздики 88 %. Маориф таълимоти томактабӣ (то 6-сола), ибтидоӣ, миёна ва олиро таъмин мекунад. Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиш дар асоси қонуни соли 1994 қабулшуда фаъолият мекунанд. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна асосан давлатианд. 12 донишгоҳи давлатӣ, 37 донишгоҳи хусусӣ дорад.
Илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти илмӣ хуб роҳандозӣ шудааст. Сатҳи кунунии соҳа соли 1991 ташаккул ёфтааст. Роҳбари шӯрои миллии илму технологияҳо — ноиби президенти кишвар аст, ки ба ҳайати он вазирони маориф, фарҳанг, варзиш, роҳбарони Кумитаи иҷроияи донишгоҳҳои Боливия, Ассотсиатсияи миллии донишгоҳҳои хусусӣ, Академияи миллии илмҳо, намояндагони департаментҳо шомиланд. Таҳқиқоти илмиро шӯро ташкилу назорат, Раёсати генералии илму технология маблағгузорӣ менамояд. Марказҳои таҳқиқоти илмии донишгоҳҳо мавқеи махсус доранд (пажӯҳишгоҳҳои тиббӣ, генетикӣ, биологияи молекулавӣ, агрономӣ, кишоварзии тропикӣ, кӯҳкорӣ, нафту кимиё, илмҳои ҷамъиятӣ). Пойгоҳи биологии Бени, Расадхонаи миллии астрономӣ, ин-тҳои таҳқиқоти фундаменталии соҳаҳои нафту кимиё, технологияҳои кишоварзӣ амал мекунанд. 160 маҷаллаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр мешавад.
Адабиёти Боливия ба забонҳои испанӣ, кечва ва аймара эҷод мешавад. Ёдгори адабии давраи токолумбӣ драмаи халқии «Алу-Олантой» мебошад, ки ба забони кечва эҷод шуда, соли 1853 ба табъ расидааст. Сурудҳои гимнмонанд дар мавзӯи парастиши Офтоб (хайля) маълуманд. Адабиёти кечва дар шакли шифоҳӣ расидааст. Асарҳои Ф. Гваман Пома (ҳинду) ва роҳиб А. де Каланча, инчунин ахбори «Таърихи шаҳри империявии Потоси» ба мавзӯи ҳаёту маишати даврони мустамликавӣ бахшида шудаанд. Симоҳои намоёни даврони истиқлолхоҳӣ, намояндагони лирикаи ватандӯстӣ Х. И. Санхинес ва Х. Валпарримачи Майта мебошанд. Адабиёти асри 19-и Боливия дар равияҳои романтизм (Р. Х. Бустаманте) ва модернизм (Р. Ҳаймес Фрейре, Ф. Тамайо ва Г. Рейнолдс) падид омадааст. Эҷодиёти публитсист ва таърихнигор Г. Р. Морено, нависанда Н. Агирре (романи «Хуан де ла Роса. Ёддошти охирин сарбози ҷанг барои истиқлол») мавқеи махсус дорад. Охири асри 19 адабиёт ба тасвири ҳаёти қабилаҳои таҳҷоӣ, урфу одат ва расму ойини онҳо рӯ овард. Дар адабиёти асри 20 реализм мавқеъ пайдо кард (романҳои «Ҳаёти креолҳо» ва «Нажоди биринҷӣ»-и А. Аргедас). Ғояи бо таъйиноти махсус — ҳамчун муноҷӣ ва маҳдӣ (мессия) ба замин нозил шудани ҳиндувон (индейҳо) дар асарҳои Т. Мароф (номи аслиаш Г. А. Наварро) «Светонио Пимйента», «Волл-стрит ва гуруснагӣ» ва ғ. инъикос ёфтааст. Ҷанги Чак (1932-35) ба инкишофи адабиёти зиддиҷангӣ ва эътирози иҷтимоӣ («Тӯфони оташин»-и О. Серруто, «Хуни дурагаҳо»-и А. Сеспалес) мусоидат намуд. Х. Лара чун ифодагари бедории миллии ҳиндувон ва ҳомии манфиати онҳо падид омад (повести «Репетё», романҳои «Янакуна», «Хуни мо», «Ҷасорат»). Солҳои 1950 ва минбаъд асарҳои фалсафию равонӣ (А. Касерес, Ромеро) фарогири мавзӯъҳои шикасти рӯҳӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ, модернистӣ ва сюрреалистӣ эҷод шудандоктори илмҳои Бадрегал, А. Кардона Торрико, Р. Эчасу, Э. Митре, Р. Поппе, С. Мендисабл, В. Монтойа, Э. Пас Солдан адибони машҳури охири асри 20 ва аввали асри 21-и Боливия мебошанд.
Меъморӣ ва ҳунарҳои таҷассумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз боқимондаҳои аҳди қадими Боливия харобаҳои Тиаванако, ки вобастаи санъати инкҳост, қобили тазаккур мебошад (иншооти сангии Дарвозаи Офтоб, асри 8, дар соҳили кӯли Титикака). Дар даврони мустамликавӣ дар меъморӣ услуби бароккои испанӣ («услуби метисӣ»), яъне, омехтаи ҳунари биносозии испанӣ бо маҳаллӣ маъмул буд; айни он дар санъати тасвирӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Ибтидои асри 19 биноҳо дар доираи услуби класситсизм, минбаъд (асри 20) дар заминаи функсионализми аврупоӣ сохта мешуданд (меъморон Г. Медейрос, Л. Валкарел). Санъати тасвирии асрҳои 19-20 омезиши анъанаҳои миллӣ ва модернизми аврупоист: мусаввараҳои Н. Ногалес ва С. Гусман де Рохас, муҷассамаҳои И. Римши; деворнигораҳои гурӯҳи эҷодии «Антео», асарҳои дар услуби постмодернизм офаридаи Р. Валкарел.
Мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанги мусиқии Боливия бо эҷодиёти мардуми таҳҷоии сарзамин — кечва, аймара ва креолҳо (авлоди аввалин испаниҳо ва португалиҳои дар Боливия мас куншуда) зуҳур кардааст. Сурудҳои лирикии иҷрояшон гуногун: багвала, ярави, видала, ванка, тристе ва ғ. маъмуланд. Аз созҳои мусиқии миллӣ кена, найи Пан, эрке (нафасӣ), бомбо ва каха (зарбӣ); дар байни креолҳо гитара ва чаранго маъмуланд. Мусиқии миллӣ бештар дар эҷодиёти Т. Варгас Кандиа, С. Ронкал ва М. Валда мавқеъ дорад. Э. Каба ва Х. М. Веласко Майдана ҳунармандони машҳури бурунмарзии Боливия мебошанд. Оҳангсозони касбии нимаи дуввуми асри 20 мусиқии миллиро бо унсурҳои иҷрои равияи авангард омезиш додаанд. Санъати балетро дар Боливия ду гурӯҳи касбии эҷодӣ — балети миллии фолклорӣ (аз соли 1975) ва Балети расмии Боливия (аз соли 1951) муаррифӣ мекунанд, ки муттасил ба давлатҳои дигари Амрикои Лотинӣ ва Аврупо сафарҳои ҳунарӣ карда, қариб дар 60 фестивали фолклории ҷаҳон ширкат варзидаанд.
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз давраи токолумбӣ драмаи «Алу-Олантой» расида, дар замони мустамликавӣ дар Потоси аз ҷониби тарғибгарони католитсизм саҳнаҳо дар мавзӯи Инҷил иҷро мегардиданд. Солҳои 1617-19 дар шаҳри Ла-Пас ду театр таъсис ёфта, аввалин пйесаи миллӣ (дар мавзӯи шӯриши ҳиндувон таҳти роҳбарии бародарон Катари) ба саҳна гузошта шудааст. Баъди соҳибистиқлол шудани Боливия театр асосан таҳти таъсири осори саҳнавии испанӣ қарор дошт. Соли 1834 дар Кочабамба аввалин асари миллӣ-пйесаи Х. Мендес «Ихтиёр ба духтарон» рӯйи саҳна омад. Минбаъд драматургияи миллӣ ба мавзӯъҳои замон, иҷтимоъ рӯй овард. Солҳои 1930 дар Боливия ҳамагӣ 2 театр фаъолият мекард; солҳои 1950-60 труппаҳои зиёди нимкасбӣ пайдо шуданд (машҳуртаринашон Театри миллии Колясуёи назди Донишгоҳи техникии Оруро). Аз солҳои 1960 санъати саҳнавӣ дар маҷрои театри нави Амрикои Лотинӣ (драманависон А. Коста ду Релс ва Р. Салмон) инкишоф ёфта, як қатор театрҳои таҷрибавӣ ва театрҳои касбӣ арзи вуҷуд карданд (дар Ла-Пас, Бени, Кочабамба, Сукра). Дар онҳо бар замми осори классикии В. Шекспир, А. Чехов, Э. Ионеску, Г. Гарсиа Маркес, Бертолт Брехт асарҳои драматургияи миллӣ ба саҳна гузошта мешуданд. Соли 1998 иттиҳодияи театрҳои касбии «Утопос» ва ассотсиатсияи «Театри мустақили Боливия» (TIBO) таъсис ёфтанд.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин филми мустанад дар Боливия соли 1913, нахустин филмҳои пурраметражи беовоз соли 1925 («Дили Аймара», коргардон П. Самбарино, «Каромоти кӯл» ва «Вар-Вара»-и Х. М. Веласко Майдана, 1929), овоздор соли 1948 наворбардорӣ шудаанд. Баъди таъсиси Донишкадаи миллии кинематография (1952-67) зиёда аз 400 филми кӯтоҳметраж эҷод гардид (коргардон Х. Санхинес), ки мавзӯъҳои доғи замон, масоили сокинони таҳҷоӣ ва ғ-ро дар бар мегирифт. Аз солҳои 1990 соле 2-3 филм дар мавзӯъҳои гуногун (детектив, мазҳака, мелодрама, барои кӯдакон) таҳия мегарданд. Коргардонони номӣ: К. Мерида, ХОДИМИ КАЛОНИ Валдивиа, М. Лоайса, У Ара. Дар Боливия Осорхонаи миллии бостоншиносӣ (1846), Осорхонаи миллии мардумшиносӣ ва фолклор (1956), Осорхонаи миллии санъат (1961), Осорхонаи антропологӣ (1944) ва ғ. амал мекунанд.
Китобхонаҳои бузургтарини Боливия: Китобхонаи миллӣ (1838, шаҳри Сукра, шуъбааш дар Ла-Пас, дар бинои Конгресси миллӣ), китобхонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Боливия (Ла-Пас), китобхонаи Донишгоҳи Сан-Андерс ва ғ.
Расонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Чопи рӯзномаи кӯҳантарини Боливия «El Diario» соли 1904 дар Ла-Пас шурӯъ шуда буд. Рӯзномаҳои умумидавлатии «a Razon» (1990) ва «La Jomada» (1964), минтақавии «La Prensa» (Ла-Пас), «os Tiempos» (Кочабамба), «El Peber» (Санта-Крус), «Corro del Sur» (Сукре), «El Potosi» (Потоси) нашрияҳои маъмули Боливия буда, медиа-маркази «Lider» ба табъ мерасонад. Нашрияи «El Mundo» (Потоси) махсус барои доираҳои соҳибкорӣ нашр мешавад. Оҷонсии давлатии "Agencia Boliviana de Informacion (ABI; 1995, Ла-Пас) танҳо аз фаъолияти давлат иттилоъ медиҳад, "Agencia de Noticias Fides (ANF, 1963, Ла-Пас) тамоми рӯзномаҳо ва радиову телевизионро бо иттилооти дохилию хориҷӣ таъмин менамояд. Дар Боливия зиёда аз 320 пойгоҳи радио ва 48 пойгоҳи телевизион фаъолият доранд. Bolivision (шабакаи 4), «Television Boliviana» (шабакаи 7) телевизионҳои маъмултарини давлатианд. Телевизионҳои ғайридавлатию хусусӣ, ҳатто донишгоҳӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Census.gov. Country Rank. Countries and Areas Ranked by Population: 2013(пайванди дастнорас — таърих). U.S. Department of Commerce (2013). 9 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2013.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боливия / М. Шарифзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.