iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Баҳр
Баҳр — Википедия Jump to content

Баҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баҳр (ар. بحر‎) ё дарё (порсӣ:دریا) — қисми Уқёнуси Олам, ки камубеш бо хушкӣ ва ё бо релйефҳои зериобии болорафта иҳота шудааст ва асосан бо низоми гидрологӣ, метеорологӣ ва иқлими худ аз қисми кушоди уқёнус фарқ мекунад.

Баҳр нисбат ба уқёнус мавқеи канорӣ дошта, ҳар қадар бо хушкӣ иҳота шуда бошад, аз уқёнус ҳамон қадар тафовути бештар пайдо мекунад. Баъзе қисми кушоди уқёнусро низ шартан баҳр меноманд (мас., Баҳри Саргас дар қисмати шим. Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Филиппин дар қисми ғарбии Уқёнуси Ором). Баъзе кӯлҳоро баҳр (Арал, Майит) ва баъзе баҳрҳоро халиҷ (Гудзон, Мексика, Форс ва ғайра) мегӯянд.

Баҳрҳо мувофиқи хусусиятҳои низоми гидрологиашон ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд:

Баҳрҳои дохилиро баъзан мувофиқи мавқеи ҷуғрофиашон ба баҳрҳои байниқитъавӣ ва дохилиқитъавӣ (байниқоравӣ ва дохилиқоравӣ) ҷудо мекунанд. Аз нуқтаи назари заминшиносӣ (геология), баҳрҳои ҳозира хеле ҷавон буда, ҳамаи онҳо қариб дар шакли имрӯзияшон танҳо дар давраи палеоген-неоген ва комилан дар давраи антропоген пайдо шудаанд. Баҳрҳои нисбатан амиқ дар тарқишҳои калони қишри Замин ба вуҷуд омадаанд (Баҳри Миёназамин). Баҳрҳои хурд дар натиҷаи пахш гардидани канори қораҳо (материкҳо) аз тарафи Уқёнуси Олам (зимни фурӯ нишастани онҳо, ё баланд шудани сатҳи оби уқёнус) пайдо шудаанд; онҳо, одатан, дар тунукобаҳои қораҳо ҷойгиранд. Иқлими баҳр ба андозаи бо хушкӣ иҳота будани он вобаста буда, бо хусусияти зиёд ё ками континентии худ фарқ мекунад. Ин асосан ба пасту баланд шудани ҳарор. мавсимии ҳаво ва сатҳи болои об таъсир мерасонад. Дараҷаи шӯрии оби баҳр ба таносуби дохил, яъне ба он рехтани миқдори оби дарё, бориш, об гардидани ях ва хориҷшавии (бухор шудан ва ях бастани) оби ширин вобаста аст. Дар оби баҳр бештар ҷараёнҳои сиклонро банди гирдбодӣ ба назар мерасанд. Сабаби ин ҳукмронии таркиби гирдбодии бодҳо дар сатҳи баҳр ва дар зери таъсири қувваи гардиши Замин ба самте ҷорӣ гаштани обҳои қоравист. Олами органикии баҳр нисбат ба олами органикии қисмҳои кушоди уқёнус хеле ғанӣ ва гуногун аст. Соли 1978 Созмони баҳрии байналмилалӣ Рӯзи умумиҷаҳонии баҳрро таъсис дод, ки он ба рӯйхати рӯзҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалии СММ дохил аст.

Мақолаи асосӣ: Феҳристи баҳрҳо

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]