Анемохория
Зоҳир
Анемохория (аз юн. άνεμος — шамол ва χωρέω — меравам, паҳн мешавам) — ба воситаи шамол паҳн шудани спора, тухм ва меваи рустаниҳо.
Тухму меваҳое, ки ба воситаи шамол паҳн мегарданд, ҳаҷман хурд мебошанд (масалан, сӯҳлабиҳо, шумгиёҳ, аксар халанҷиҳо) ё мӯяк (масалан, бед, сафедор, аксар рустаниҳои мураккабгул), қанотак (масалан, сада, тӯс, санавбар, шилха, коҷ ва ғайра), сӯк (масалан, ковил), ҳавопарда ва ғайра доранд. Чунин тухму меваҳоро шамол то 40 км паҳн карданаш мумкин аст. Ушна, гулсанг, аксар занбӯруғҳо, сарахс, бактерияҳо ва ғайра низ ба анемохорҳо мансуб мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анемохория // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.