iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.
iBet uBet web content aggregator. Adding the entire web to your favor.



Link to original content: https://tg.wikipedia.org/wiki/Айнак
Айнак — Википедия Jump to content

Айнак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айнак — афзори оптикӣ барои беҳтар кардани босираи (биноии) одам ҳангоми доштани нуқси мушак ва оптикаи чашм ё барои аз ҳар гуна таъсироти зарарнок ҳимоя кардани он. Айнакро духтури чашм (офталмолог) таъйин мекунад. Айнак аз шишаҳои оптикӣ ва чанбарак ва дастаҳо иборат аст. Воҳиди қувваи оптикии шишаи айнак диоптрия (D) мебошад. Ҳангоми вайрон шудани рефраксия (шикасти рӯшноӣ)-и чашм шишаи айнакро аз линзаи сферавӣ месозанд, ки қувваи шикасти он ба ҳар сӯ як хел аст. Линзаи сферавиро ба ҷамъкунанда ё мусбат (+) ва паҳнкунада ё манфӣ (–) ҷудо мекунанд. Линзаи мусбатро барои шахсони дурбин ва линзаи манфиро барои шахсони наздикбин тавсия медиҳанд. (нигар Дурбинӣ, Наздикбинӣ). Линзаи айнак қонуни шуоъҳои ашёро дар шабакияи чашм ҷойгир мекунад. Барои ислоҳи астигматизм шишаи айнакро аз линзаи сферавию силиндрӣ (линзае, ки қувваи шикасти сатҳи он тағйирёбанда аст) сохта, барои ба мизон овардани татобуқ (аккомодатсия)-и чашм онро аз линзаи бифокалӣ ё бисёрфокалӣ месозанд. Костагии шадид ва муштараки биноиро бо айнаки махсус (масалан, олусиро бо айнаки призмавӣ) ислоҳ мекунанд. Линзаҳои часпон (контактӣ), ки бевосита ба қисми пеши ғӯзаи чашм гузошта мешаванд, яке аз навъҳои айнак мебошанд. Аз ҷиҳати оптикӣ бартарии онҳо нисбат ба айнаки муқаррарӣ дар он аст, ки бо ғӯзаи чашм баробар ҳаракат мекунанд. Феълан линзаҳои часпон барои иваз кардани ранги чашм низ истифода мешаванд. Барои аз таъсироти зарарноки механикӣ (оҳанмайда, чанг ва шуоъ) ҳимоя кардани чашм айнакҳои муҳофизатӣ тавсия мегарданд.