Берн
Шаҳр | |||||
олмонӣ: Bern | |||||
|
|||||
47°00′00″ с. ш. 07°27′00″ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Швейсария | ||||
Кантон | Берн | ||||
Округ | Берн | ||||
Мэр | Александр Шаппат | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1191 | ||||
Масоҳат | 51,6 км² | ||||
Баландии марказ | 542 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | ▲ 131 554[1] тан (2015) | ||||
Номи қавмӣ | бернӣ, берниҳо | ||||
Забони расмӣ | олмонӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 031 | ||||
Нишонаи почта | 3000-3030 | ||||
Коди мошин | BE | ||||
|
|||||
bern.ch (олмонӣ)(фр.)(ит.)(англ.) |
|||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бе́рн (олмонӣ: Bern [ˈbɛrn], фр. Berne, итол. Berna, румш. Berna) — пойтахти Швейтсария, маркази маъмурии округи Берн. Дар ду соҳили дареи Ааре, дар баландии 572 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳ. 51,60 км2. Аҳолиаш 123 466 нафар (2009). Забони расмӣ — олмонӣ. Аэропорти байналмилалӣ дорад. Роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард Бернро бо шаҳрҳои Аврупо пайваст мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Берн соли 1191 бунёд шудааст. Аз соли 1848 пойтахти Швейтсария. Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX маркази инқилобгарони муҳоҷири рус буд.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Маркази калони саноатии мамлакат (баъд аз Сюрих ва Базел). Соҳаҳои асосии саноаташ: радиоэлектроника, электротехника ва мошинаҳои дақиқ (телефон, таҷҳизот, асбобҳои барқӣ, мошинаҳои полиграфӣ ва ғайра), бофандагӣ, дорусозӣ, кимиёӣ, хӯрокворӣ (консерв, орд, шоколад, пиво), чӯбгарӣ, табъу нашр ва ғ.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Берн бонкҳои калонтарин (Фолксбонк, бонки миллӣ) ва ғ. ҳастанд. Дар он қароргоҳи созмонҳои байналмилалӣ мавҷуданд. Берн маркази сайёҳии байналмилалист. Дар Берн Академияи илмҳои дақиқ (1815), донишгоҳ (1834), Калисои ҷомеаи Винсенти Муқаддас (1421—1588) ва ратуша (1406—1417), бинои парламент (1852—1901), китобхонаи миллӣ, боғи ботаникӣ, театр (1903) ва Осорхонаи Алберт Энштейн ҷойгир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Берн // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Берн дар Викианбор |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |